Барканории вазири умури дохилии Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21630-Барканории_вазири_умури_дохилии_Афғонистон
Дар ҳоле ки буҳрони амниятӣ дар Афғонистон ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст ва амалкарди давлати ваҳдати миллии ин кишвар дар ҳама умур, ба хусус амниятӣ бо интиқоди дохилии густарда рӯбарӯст, Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири умури дохилии Афғонистон барканор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 14, 2017 11:08 Asia/Dushanbe
  • Барканории вазири умури дохилии Афғонистон

Дар ҳоле ки буҳрони амниятӣ дар Афғонистон ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст ва амалкарди давлати ваҳдати миллии ин кишвар дар ҳама умур, ба хусус амниятӣ бо интиқоди дохилии густарда рӯбарӯст, Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири умури дохилии Афғонистон барканор шуд.

Бино бар эъломи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, Вайс Аҳмад Бармак, вазири умури муқобила бо ҳаводис ба унвони сарпарасти Вазорати дохилии Афғонистон мансуб шуд ва қарор аст барои касби раъйи эътимод ба Маҷлиси миллии Афғонистон муаррифӣ шавад. Барканории вазири дохилии Афғонистон навъе вокуниш ба интиқоди густарда ба амалкарди давлат, ба вижа Вазорати дохила барои муқобила бо ноамниҳо талаққӣ мешавад. Дар се соле ки давдати Ваҳдати Миллии Афғонистон кори худро оғоз кардааст, дар таъмини амнияти ин кишвар, ба хусус дар пойтахт нумраи қабулӣ намегирад ва Вайс Аҳмад Бармак агар муваффақ ба касби раъйи эътимод аз Маҷлиси миллӣ мешвад, саввумин вазири дохилаи давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин суоли муҳим матраҳ аст, ки оё тағйири вазирони дохилӣ метавонад гиреҳ аз мушкилоти амниятии Афғонистон кушояд?

Тардиде нест, ки посухи ин суол манфӣ аст. Зеро омилҳо ва тағйиротҳои зиёде ба умури амниятии Афғонистон таъсиргузоранд. Илова бар ин, Вазорати дохилии Афғонистон бар тамоми умури амниятӣ, ба хусус вилоёт тасаллут надоранд ва умури амниятии онҳо ба шакли минтақаӣ ва мутаносиб бо хост ва иродаи мақомоти маҳаллӣ анҷом мегирад. Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ва идомаи ишғоли Афғонистон аз сӯйи Амрико ва фаъолияти ширкатҳои амниятии хусусӣ, ки ба гуфтаи Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии қаблии Афғонистон дар роҳзанӣ, одамрабоӣ, қатл ва анвои қочоқ даст доранд, аз муҳимтарин омилҳои ноамнӣ дар Афғонистон ҳастанд, ки Вазорати дохила бар онҳо тасаллуте надорад. Дар канори ин, мавориди шиддат ёфтани ихтилофи қавмӣ дар давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон ва муттаҳам шудани Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурӣ ба инҳисоргароии қудрат аз ҷумлаи омилҳои тазъифи умури амниятии Афғонистон ва шиддат ёфтани ҳамалоти террористӣ талаққӣ мешавад.

Зулмай Вардак, коршиноси умури низомӣ дар Афғонистон мегӯяд, бадтар шудани вазъияти амниятии Афғонистон абъоди мухталифе дорад, ки ихтилофи дарунӣ, мудирияти носолим, ҳамоҳангии нодуруст ва дар бархе мавридҳо нарасидани бамавқеи имконот ва таҷҳизот ба нерӯҳои низомӣ аз ҷумлаи онҳост.

Аз ин рӯ, талошҳои Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон барои таъмини амнияти ин кишвар замоне муваффақиятомез хоҳад буд, ки ибтидл дар ҷиҳати тақвияти ваҳдати миллӣ талош кунад ва аз ҳамаи афроде ки ба қонуни асосӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон пойбанд ҳастанд, истифода намояд ва монеъ аз гароиши ин кишвар аз назари қавмӣ ва нажодӣ шавад, ки паёмадҳои вайронкунандае барои амнияти миллии Афғонистон дорад. 

Дуктур Сайид Қосим Музаффарӣ, коршиноси масойили сиёсӣ дар Афғонистон муътақид аст, сарони ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистон бояд бо канор гузоштани ихтилофоти худ дар ҷиҳати ислоҳи умур ва хориҷ кардани кишвар аз мушкилот ва буҳрон гом бардоранд.

Ба ҳар ҳол, чунончӣ тағйири вазири дохила кобинаи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ боз ҳам натавонад ба ҳалли мушкилоти амниятии Афғонистон кӯмак кунад, фишорҳои дохилӣ ва байнаомилалӣ бар раиси ҷумҳурии ин кишвар сахттар шуда в а беш аз пеш метавонад салоҳият ва тавоноии давлати Ваҳдати Миллиро барои таъмини амнияти ин кишвар бо шак рӯбарӯ кунад.