Август 15, 2017 16:29 Asia/Dushanbe
  • Толибон ба Трамп нома навишт

Гурӯҳи Толибон номаи муфассалеро бо панҷ забон, англисӣ, пашту, форсӣ, арабӣ ва урду хитоб ба раисҷмҳури Амрико мунташир кардааст.

Ба гузориши ВВС, Толибон дар ин нома аз Доналд Трамп хостааст, ки дар стратегияи ҷадиди Амрико барои Афғонистон тасмим ба ихроҷи тамоми нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар бигирад. Толибон дар номаи худ навишта, ки онҳо гурӯҳи муназзам бо масъулияти миллӣ, низомӣ ва сиёсӣ дар минтақа ҳастанд, ки монеи бисёре аз «фитнаҳо» шудаанд, аммо Амрико набояд онҳоро маҷбур кунад, ки даст ба сӯйи ҳарифони Амрико дароз кунанд. Толибон дар нома ба Трамп навиштааст, ки пас аз 16 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон вазъияти ин кишвар ҳар рӯз бадтар шудааст. Ба бовари ин гурӯҳ, нотавонии «дастнишондаҳои интихобшудаи Амрико» далели аслии ин вазъият аст. Гурӯҳи Толибон ба масрафи миллиардҳо доллар дар Афғонистон ва кушта шудани сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар ишора карда, аз Трамп хостааст, аз иштибоҳоти гузаштагони худ ибрат гирад ва ба машварати баъзе аз мақомҳои амрикоӣ мабнӣ бар афзоиши нерӯ дар Афғонистон амал накунад. Толибон далели аслии ҷанг дар Афғонистонро «ишғол хориҷӣ» хонда, аз Трамп хостааст, бо хурӯҷи нерӯҳояш тасмими сулҳҷӯёна барои ин кишвар бигирад. Гурӯҳи Толибон пеш аз ин низ, замоне ки Трамп тоза ба унвони раисҷумҳури Амрико интихоб шуда буд, ба ӯ номае навишта, аз ӯ хоста буд, ки ҷангро дар Афғонистон поён диҳад.

Кохи Сафед бознигарии баррасии роҳбурди низомии Амрикоро дар Афғонистон дар дастур кор қарор додааст ва гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки тими амниятии Трамп бар сари эъзоми нерӯҳои бештар ба Афғонистон гирифтори дудастагӣ шудааст.

 

Барчасп