Август 16, 2017 19:51 Asia/Dushanbe
  • Номаи Толибон ба Трамп

Гурӯҳи Толибон дар номае хитоб ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, 16 соли ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистон ба ноамнӣ, бесуботӣ ва фасоди идорӣ дар ин кишвар доман задааст.

Дар номаи Толибон таъкид шудааст, Амрико ба иллати ишғоли Афғонистон ва куштори ҳазорон ғайринизомӣ, дар байни мардуми ин кишвар манфур аст. Толибони Афғонистон ҳамвора ба баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла аъёди мазҳабӣ ва хитоб ба сарони ҷаҳон номанигорӣ мекунад ва худро дар баробари ҷону моли мардуми Афғонистон масъулиятпазир нишон медиҳад ва муддаии мудофеи ҳуқуқи онон аст.

Дар мавриди номаи Толибон ба Трамп низ чанд масъала қобили таваҷҷуҳ аст. Аввал инки комилан мушаххас нест, ин нома аз сӯи кадом бахши Толибон содир шуда, зеро ин гурӯҳ баъд аз марги мулло Умар ва зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон чанд даста шудаанд. Дуввум инки ин нома замоне мунташир шуд, ки ҷиноёти ҳавлноки куштори ғайринизомиён дар Мирзоваланги вилояти Сари Пул, мавҷе аз хашму нафратро зидди гурӯҳи Толибон дар Афғонистон эҷод кардааст ва интишори ин нома метавонад дар ҷиҳати тағйири фазои зидди Толибон талаққӣ шавад. Сеюм инки Толибон дар ҳолеи худро муддаии дифоъ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон муаррифӣ мекунад, ки ба шакли мустақим ё ғайримустақим дар куштори ғайринизомиён даст дорад ва яке аз муҳимтарин далоили идомаи ишғоли Афғонистон напайвастани Толибон ба раванди сулҳи Афғонистон аст, ки баҳонаи муносибро дар ихтиёри Амрико қарор медиҳад.

Чаҳорумин мавзуи қобили таваҷҷуҳ дар мавриди номаи Толибон ба Трамп ин аст, ки пештар уламо ва мақомоти давлатии Афғонистон дар мавриди паёмадҳои идомаи ҷанг бо давлат ба Толибон ҳушдор додаанд. Аммо ин гурӯҳ на танҳо ба онҳо таваҷҷуҳ надорад, балки бо интишори номаҳое, ки сирфан бо ҳадафи инҳирофи афкори умумӣ аз чанддастагӣ ва ҷиноёте, ки ба номи Толибон дар Афғонистон сурат мегирад, дарсадади табрааи худ аз эҷоди вазъиятест, ки беш аз пеш арсаро барои мардуми Афғонистон танг мекунад.  

Толибон, ки худро намояндаи қавми Паштун дар Афғонистон медонад, бо мухолифати раванди сулҳ ва идомаи ҳамалоти хунин, насли ояндаи паштунҳоро аз худ мутанаффир мекунад.

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури қаблии Афғонистон муътақид аст, Толибон бояд силоҳҳои худро ба ҷои аз байн бурдани Афғонистон, алайҳи маконҳое ба кор бубарад, ки дар онҷо алайҳи кишвар тавтеачинӣ мешавад.  

Дар ҳар ҳол ба назар намерасад, мардуми Афғонистон аз Толибон интизори иршод ва ё насиҳати Амрикоро дошта бошанд.

Зеро толибон худ бо рафтор ва ҳамалоташ зидди мардум ва давлати қонунии Афғонистон, заминасози ҳузури нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ дар Афғонистон аст ва агар Толибон воқеан хоҳони сулҳу амният дар ин кишвар ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аст, бояд ба раванди сулҳи Афғонистон бипайвандад ва бо кумак ба тақвияти иттиҳоду ваҳдати миллӣ, ояндаи равшанеро барои наслҳои баъдии ин кишвар фароҳам намояд .

 

Барчасп