Август 18, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
  • Идомаи иқдомоти хасмонаи Амрико зидди Эрон

Вазорати молияи Амрико дар идомаи иқдомоти зиддиэронии худ як ширкати амрикоиро ба далели анҷоми додугирифти молӣ бо Теҳрон ҷарима кард.

Дафтари контроли дороиҳои хориҷии Вазорати молияи Амрико эълом кард, ширкати амрикоии «Блу скай блу си», ки дар ҳавзаи содироти маҳсулоти амрикоӣ ҳамчун як ширкати байналмилалии киштиронӣ маҳсуб мешавад, ба далели анҷоми 140 мавриди додугирифт бо Эрон ба пардохти 518 ҳазору 63 доллар ҷарима маҳкум шудааст. Бинобар иддаои Вазорати молияи Амрико, ин муомилот дар чорчӯби нақзи муқаррароти таҳрими Амрико будааст.

Ин ширкати амрикоии мустақар дар Лос-Анҷелес солҳои 2010-2012 ба арзиши 560 ҳазору 204 доллар муомила бо Эронро ба воситаи интиқоли мошин доштааст. Бар ҳамин асос, дафтари контроли дороиҳои хориҷӣ эълом кард, ки ифшои ин парванда бо муқовимати ин ширкат рӯ ба рӯ шуд ва довталабона набудааст.

Мақомоти Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамвора ҳушдор медиҳанд, таҳримҳои якҷонбаи Амрико зидди Эрон бар хилофи қавонини байналмилалӣ аст. Ин дар шароите аст, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамвора таъкид кардаанд, таҳримҳои якҷонбаи Кохи Сафед натавонистааст монеае барои пешрафтҳои илмию фанноварии Эрон бошад.

 

Барчасп