Август 19, 2017 10:49 Asia/Dushanbe
  • Се ҳазор террорист дар роҳ ба Аврупо

Як маркази таҳлилии Русия эълом кард, се ҳазор террорист эҳтимолан дар солҳои оянда худро ба Аврупо мерасонанд.

Ба гузориши торнмои русии “Правда”, муҳаққиқони маркази РАН эълом карданд, афроде, ки кишварҳои Аврупо худро барои ҷанг дар канори дигар террористҳо тарк карда буданд, дар ҳоли бозгашт ба кишварашон ҳастанд ва бо эъломи шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ имкон дорад шумори террористҳои бозгаштӣ ба Аврупо афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи коршиносони маркази РАН, як севум аз аврупоиҳое, ки барои ширкат дар ҷанги Ироқу Сурия кишварҳои худро тарк карда буданд, ба ватанашон бозгаштаанд.

Агарчӣ бештари ин афрод таҳти назари полис ҳастанд, аммо бархе муваффақ ба фирор аз тирраси назоратӣ шудаанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқони маркази РАН, ҳамчунин бештари террористҳо ба далели мушорикат дар ҳамалоти бераҳмона ё шоҳиди хушунат будан, зарбаҳои рӯҳӣ хурдаанд.

Бар асоси ин гузориш, беш аз 42 ҳазор нерӯи хориҷӣ аз беш аз 120 кишвар аз соли 2011 то соли 2016 ба сафи террористҳо дар Ховари Миёна пайвастаанд.

Кишварҳои аврупоӣ, ки аз ҳеҷ талоше барои кӯмакрасонӣ ба террористҳои минтақаи Ховари Миёна, ба вижа террористҳои мустақар дар Сурия дареғ накарданд, бо бозгашти аъзои аврупоии террористҳои ДИИШ ва хатари ҳамалоти террористӣ рӯбарӯ шудаанд.

 

Барчасп