Интиқод аз нопадид шудани мухолифон дар Миср
Афви байналмилал аз нопадиди шудани иҷбории мухолифон дар Миср интиқод кард.
Ба гузориши пойгоҳи интерентии рӯзномаи фаронсавии "Луфигаро" , Афви байналмилал имрӯз (чаҳоршанбе) шиддат ёфтани нопадид шудани мухолифон дар Миср ва истифода аз шиканҷа барои саркӯби тазоҳуроти мусолиматомез дар ин кишварро маҳкӯм кард.
Афви байналмилал ҷомеъаи байналмилалро ба эъмоли фишор зидди мақомоти Миср барои таваққуфи ингуна иқдомоти хушунатомез фарохонд.
Афви байналмилал таъкид кард, нопадид шудани иҷбории мухолифони давлати Қоҳира ба яке аз абзорҳои калидии сиёсати Миср табдил шудааст.
Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ба таври мукаррар Абдулфаттоҳ Сисӣ-раисиҷумҳури Мисрро ба поярезии як давлати саркӯбгар дар ин кишвар муттаҳам мекунанд.
Ба гуфтаи фаъолони мудофеъи ҳуқуқи башар, полиси Миср дар давраи зимомдории Сисӣ бо масунияти тақрибан комил амал мекунад ва ба шиканҷаи гумонбарон, бадрафторӣ бо зиндониён ва боздошти афрод даст мезанад.