10 маллоҳи амрикоӣ мафқуд шуданд
Август 21, 2017 16:12 Asia/Dushanbe
Шуморе аз маллоҳони киштии низомии Амрико дар гулӯгоҳи Маллаккск- байни Индонезия ва Сингапур мафқуд шуданд.
Ба гузориши “Спутник”, киштии низомии « Ҷон Маккейн» дар гулӯгоҳи Маллаккск бо як киштии борӣ бархӯрд кард ва бар асари ин ҳодиса, 10 нафар нопадид ва панҷ нафар низ маҷрӯҳ шуданд.
Ин иттифоқ субҳи рӯзи душанбе (21 август) рух дод ва бар асари ин бархӯрд, киштии ҷангии Амрико осеб дид.
Моҳи июн ҳам киштии дигари Амрико дар савоҳили Ҷопон бо як киштии борибарӣ бархурд карда буд, ки дар он ҳодиса ҳам 7 маллоҳи амрикоӣ кушта шуданд.