Август 22, 2017 12:44 Asia/Dushanbe
  • Изъони фармондеҳи амрикоӣ ба шикаст дар Афғонистон

Фармондеҳи низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон, ба шикаст дар ин кишвар изъон кард.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо аз Кобул, генерал Ҷон Николсон гуфт: Ҳазинаи шикасти ҷанги Афғонистон ғайри қобили ҷуброн аст .

Фармондеҳи низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон ҳамчунин бидуни ном бурдан аз кишвари хосе муддаӣ шуд: Мухолифони давлати Ашраф Ғанӣ ба кумаки бархе аз кишварҳои ҳамсояи иқдом ба куштори мардум дар Афғонистон мекунанд .

Ин изҳороти фармондеҳи низомии Амрико дар ҳолест, ки аз замони ҳуҷуми Амрико ба Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм токунун даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми бегуноҳ кушта шудаанд.  

Бисёре аз онҳо дар паи ҷиноёти низомиёни амрикоӣ ва ҳамалоти мукаррари ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ин кишвар дар манотиқи мухталифи Афғонистон ҷон бохтаанд, ки ин амр хашму танаффури мардуми ин кишвари ҷангзадаро барангехтааст ва онҳо борҳо хоҳони хуруҷи ишғолгарон аз кишварашон шудаанд.  

Бисёре аз намояндагони маҷлис, шахсиятҳо ва коршиносони масоили сиёсии Афғонистон борҳо ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон аз соли 2001 токунунро шикастхурда дониста ва гуфтаанд, ин ҳузур боис шуда, ки Афғонистон рӯз ба рӯз ноамнтар ва бесуботтар шавад.  

Ҳаминак ҳудуди сездаҳ ҳазор низомии хориҷӣ аз ҷумла даҳ ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва эъзоми чаҳор ҳазор низомии ҷадиди Амрико бахше аз роҳбурди ҷадиди Вашингтон барои Афғонистон эълом шудааст .

 

Барчасп