Тағйири мавзеи Трамп дар қиболи Афғонистон
Афзоиши низомиёни амрикоии мустақар дар хоки Афғонистон аз тағйири мавзеи раисҷумҳури Амрико ҳикоят дорад.
Ба нақл аз CNBC, Доналд Трамп ба рағми ваъдаҳои интихоботиаш аз афзоиши шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон хабар дод ва мавзеи худро дар қиболи ҷанг дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар иваз кард .
Трамп рӯзи душанбе бо эъломи стратегияи низомии ҷадиди ин кишвар дар Афғонистон, фармони эъзоми чаҳор ҳазор низомии дигарро ба ин кишвар содир кард .
Раисҷумҳури Амрико аз соли 2011 шуруъ ба нақди ҷанги Амрико дар Афғонистон карду ақида дошт, замони ақибнишинӣ фаро расида ва бояд ба ин буҳрон поён дод .
Стратегияи низомии ҷадиди Амрико дар бораи Афғонистон дар шароите эълом мешавад, ки авзои амниятӣ дар ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба густариши доманаи амалиёти Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ бо буҳрон мувоҷеҳ аст .