Август 23, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Аврупо дар ваҳшати бозгашти лашкари шикастхурдаи ДИИШ

Мавҷи бозгашти аъзои фирории гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо шикастҳои пайдарпайи ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ба ватанашон дар Аврупо, нигарониҳои амниятиро дар қораи сабз бештар кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, рӯзномаи “Телеграф” навишт, 27 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталиф ба сафи ДИИШ дар Ироқ ва Сурия пайвастаанд, ки чаҳоряки онон аврупоӣ ва дар ҳоли бозгашти нигаронкунанда ба кишварҳояшон ҳастанд.

Дафтари зиддитерроризми Иттиҳоди Аврупо низ бо ибрози нигаронӣ аз бозгашти аъзои аврупоии ДИИШ дар пайи тангтар шудани ҳалқаи муҳосираи онон дар Ироқ ва Сурия пешбинӣ кард, ҳудуди ду ҳазор нафар аз атбои аврупоии пайваста ба ДИИШ ба кишварҳояшон бозгашта бошанд.

Лорд Онез, раиси собиқи Созмони амнияти дохилии Англия дар мусоҳиба бо радиои давлатии Англия, бозгашти террористҳо ва хонаводаҳои ононро ба Англия нигаронкунанда тавсиф ва таъкид кард: “Мо ҳатто бист то сӣ соли оянда бо таҳдиди ҳамалоти террористӣ мувоҷеҳем”.

Дар ин ҳол бархе масъулони амниятӣ бозгашти атбои аврупоии узви ДИИШ бо фарзандонашонро муҷиби афзоиши умқи нигарониҳои амниятӣ донистанд ва гуфтанд, илова бар волидайн, кӯдакони ин афрод низ, ки таҳти таъсири афкори террористӣ қарор доранд ва дар Сурия ва Ироқ бо қатлу шиканҷа ва хушунат парвариш ёфтаанд то хатари анҷоми ҳамалоти террористӣ дар Аврупоро ташдид кардаанд.

Оморҳои расмии мунташиршуда дар бораи талафоти ҳамалоти террористӣ дар Аврупо нишон медиҳад, дар ҳудуди як соли ахир наздик ба ҳазор нафар бар асари ин ҳамалот дар Аврупо кушта, захмӣ ва ё аз баъзе узвҳои худ маҳрум шудаанд.

 

Барчасп