Талоши ихроҷи Трамп аз "Твиттер"
Узви пешини Созмони маркази ҷосусии Амрико “CIA”, талошеро барои ихроҷи раисиҷумҳури Амрико аз шабакаи иҷтимоии "Твиттер" оғоз кард.
Ба гузориши пойгоҳи интернетии амрикоии « Hill», Валерий Пелаг Уилсон аз аъзои собиқи Созмони иттилооти марказии Амрико ва аз мухолифони сарсахти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, дар талоше «go fund me» мекӯшад бо ҷамъоварии пул ва хариди саҳоми Твиттер, сафҳаи Трампро дар фазои маҷозӣ таътил кунад.
Ба гуфтаи Уилсон, хариди саҳоми умда ва муассири "Твиттер" барои бастани сафҳаи Трамп, ба беш аз як миллиард доллар пул ниёз дорад.
Вай тасреҳ кард, ин рақам барои канор гузоштани Трамп аз "Твиттер" ва ҷилавгирӣ аз ҷангталабии вай, зиёд нест, зеро суиистифодаи мукаррари Трамп аз Твиттер мумкин аст, паёмадҳои фоҷиаборе барои мардуми ин кишвар ва ҷаҳон дошта бошад.
Трамп, токунун беш аз 35 ҳазору 600 бор твитт кардааст.
Твиттҳои ҷанҷолӣ ва баъзан беадабонаи Трамп, борҳо вокуниши тунди бисёре аз мардум ва сиёсатмадоронро дар Амрико ва саросари ҷаҳон ба думбол доштааст.