Август 26, 2017 11:06 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҳодисаи террористии масҷиди Хайрхонаи Кобул бо ҳалокати террористҳо

Ҳамлаи террористии дирӯзи гурӯҳи такфирии ДИИШ ба масҷиде дар минтақаи Хайрхона, дар шимоли шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон шаби гузашта, бо ҳалокати ҳамаи террористҳо ва барҷой мондани беш аз 20 шаҳид поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Исмоил Ковусӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълом кард, пас аз ҳамлаи террористӣ ба масҷиди минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул, бист шаҳид ва чиҳил захмӣ ба бемористон мунтақил шуданд, ки бештари шуҳадо ва маҷрӯҳон афроди ғайринизомӣ буданд.

Вай афзуд, эҳтимоли афзоиши шумори талафоти ин ҳамлаи террористӣ вуҷуд дорад.

Полиси Афғонистон низ эълом кард, дар ин ҳодиса ду нафар аз муҳоҷимон худро мунфаҷир карданд ва ду тани дигар низ ба зарби гулӯлаи нерӯҳои амниятии ин кишвар кушта шуданд.

 Зӯҳри дирӯз ҳангоми баргузории намози ҷумъа дар масҷиди минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул чаҳор узви гурӯҳи террористии ДИИШ, ки либосҳои нерӯҳои амниятии афғонро бар тан доштанд, ба ин макони муқаддас ҳамла карданд ва бо куштани муҳофизи масҷид вориди он шуданд.

 Гуфта мешавад, яке аз муҳоҷимон худро дар табақаи дувум ва миёни бонувони намозгузор мунфаҷир кард ва дигар муҳоҷимон беш аз сад намозгузорро ба гаравгон гирифтанд, ки нерӯҳои амниятӣ дар ниҳоят тавонистанд онҳоро аз асорати гурӯҳи террористии ДИИШ наҷот диҳанд.

 

Барчасп