Август 29, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар минтақаи дипломатнишини Кобул

Бар асари инфиҷори шадиди субҳи имрӯз дар минтақаи дипломатнишини Кобул дастикам чаҳор тан кушта ва 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ин инфиҷор дар майдони Масъуд, дар минтақаи Вазир Акбархон, муқобили биноҳои Макруриёни Кобул рӯй дод.

 Ваҳиди Маҷрӯҳ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки эҳтимоли афзоиши омори талафоти ин ҳодиса вуҷуд дорад.

Ин инфиҷор дар фосилаи 400 метрӣ аз Сафорати Амрико дар Кобул сурат гирифтааст ва нерӯҳои амниятии афғон минтақаро бастаанд.

Яке аз мақомоти полиси шаҳри Кобл ба хабарнигорон гуфтааст, ки ду муҳоҷим вориди сохтмони Кобулбонк дар минтақаи Макруриён шудаанд.

Ин инфиҷор дар ҳоле сурат гирифт, ки теъдоде аз кормандони давлат муқобили Кобулбонк ҷамъ омада буданд.

 

Барчасп