Тасмиме, ки Трампро сарнагун мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22614-Тасмиме_ки_Трампро_сарнагун_мекунад
Ҷулиан Ассанҷ-муассиси “WikiLeaks” гуфт, агар Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бихоҳад равобити тиҷории Амрикоро бо Чин мутаваққиф кунад, аз қудрат барканор мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 04, 2017 14:46 Asia/Dushanbe
  • Тасмиме, ки Трампро сарнагун мекунад

Ҷулиан Ассанҷ-муассиси “WikiLeaks” гуфт, агар Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бихоҳад равобити тиҷории Амрикоро бо Чин мутаваққиф кунад, аз қудрат барканор мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Русия Ал Явм”, Доналд Трамп дирӯз ба думболи шашумин озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ гуфт, ки Вашингтон дар посухҳое ба ин иқдоми Пхенян доду ситад бо кишварҳоеро, ки бо Кореяи Шимолӣ равобити тиҷорӣ доранд, мутаваққиф мекунад.

Ҷулиан Ассанҷ мӯътақид аст, Трамп агар бихоҳад равобити тиҷории Амрико бо Чинро қатъ кунад, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти равобити тиҷорӣ ва молӣ байни Вашингтон ва Пекин аз симати худ барканор хоҳад шуд.

Вай дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, “ 90 дарсад аз ҳаҷми равобити тиҷории Кореяи Шимолӣ бо Чин аст ва агар Трамп бихоҳад тиҷорати 650 миллиард долларии Амрико бо Чинро мутаваққиф кунад, аз қудрат барканор мешавад”.

Трамп аз замони рӯйи кор омадан то кунун бахши умдае аз маҳбубияти худро аз даст додааст.

Мизони маҳбубияти вай, дар июл гузашта ба 36 дарсад расид, ки дар миёни раисони ҷумҳурии Амрико дар 70 соли гузашта бесобиқа аст.