Мутавассил шудани ДИИШ ба занон дар ҷанг
(last modified 2017-09-06T09:26:55+00:00 )
Сентябр 06, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Мутавассил шудани ДИИШ ба занон дар ҷанг

Як пажӯҳиши ҷадид дар бораи ДИИШ нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ баъд аз ин ки бештари неруҳояшро дар даргириҳои ахир аз даст дод, акнун бештар занонро дар ҷанг ба кор мегирад.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал Олам”, бар асоси натоиҷи пажӯҳишӣ, ки ширкати бритониёии “His Markit” анҷом додааст, ДИИШ аз буҳрони камбуди нерӯ баъд аз шикастҳои ахираш дар Ироқ ва Сурия ранҷ мебарад.

Дар ин пажӯҳиш ишора шуда, ки дигар маҳол аст, ДИИШ битавонад манотиқеро, ки аз даст дода аст, ба даст оварад.

Яке аз таҳлигарони ин ширкати пажӯҳишӣ мегӯяд, ки ДИИШ баъд аз кушта шудани теъдоди зиёде аз аъзояш дар ҷанг занонро ба кор мегирад.

ДИИШ пештар низ аз занон дар ҳамалоти интиҳорӣ истифода карда буд ба наҳве, ки дар амалиёти Мусил, занон 40 дарсади ҳамалоти интиҳориро алайҳи неруҳои ироқӣ анҷом доданд.

 

Барчасп