Сентябр 07, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Иттиҳодияи ҷаҳони Ислом дар маҳкумияти қатли оми мусалмонони Миёнмор

Иттиҳодияи ҷаҳони Ислом бо судури баёнияе ҷиноятҳои ваҳшиёна зидди мусалмонони руҳингиёиро дар Миёнмор маҳкум кард ва онро ҳамчун терроризми ДИИШ ва Алқоида хонд.

Ба гузориши ИРНА, Иттиҳодияи ҷаҳони Ислом дар ин баёния, ки чаҳоршанбешаб мунташир кард, овардааст: “Куштори ваҳшиёна ва қатли оми мусалмонони руҳингиёӣ, ки дар баробари дидагони ҳамагон сурат мегирад, нанге барои инсоният аст".

Иттиҳодияи ҷаҳони Ислом ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то дар муқобила бо наслкушӣ дар Миёнмор мавзеи комилан ҷиддӣ ва қотеъ бигирад.

Дар ду ҳамалоти ҷадиди артиши Миёнмор ба мусалмонони руҳингиёӣ дар вилояти Рохин, дар ғарби ин кишвар, ки аз 25-уми август оғоз шудааст, садҳо нафар кушта ва ҳазорон нафари дигар овора шудаанд.

Фаъолони ҳуқуқи башар артиши Миёнморро ба ҷиноят зидди башарият муттаҳам мекунанд.

Давлати Миёнмор беш аз як миллион мусалмони руҳингиёиро муҳоҷирони ғайриқонунӣ медонад ва ҳеҷ ҳаққи шаҳрвандӣ барои онҳо қоил нест.

 

Барчасп