Ҳамкории Афғонистон барои васл кардани роҳи оҳани Узбакистон ба Эрон
Сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, давлати Кобул барои васл кардани роҳи оҳани Узбакистону Осиёи Марказӣ ба Эрон бо ҳадафи дастрасӣ ба Халиҷи Форс ҳамкорӣ мекунад.
Ба гузориши ИРНА, Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон дар нишасти матбуотӣ дар Кобул афзуд, дар дидори дуҷонибаи раисҷумҳурҳои Узбакистону Афғонистон дар ҳошияи нишасти Остонаи Қазоқистон ду кишвар мутааҳҳид шуданд, дар бахши тиҷорату транзит, роҳи оҳан ва васл намудани он ба Эрон барои расидани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Халиҷи Форс ҳамкорӣ мекунанд. Муртазавӣ ҳамчунин ба дидори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар Остона ҳам ишора карда афзуд, раисҷумҳури Афғонистон аз пешниҳоди Туркия барои миёнҷигарӣ ва ҳалли ихтилофоти Кобулу Исломобод истиқбол кардааст.
Раисҷумҳури Афғонистон, ки авоили ин ҳафта барои ширкат дар нахустин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар бораи илм ва фанноварӣ ба пойтахти Қазоқистон сафар карда буд, ба Кобул баргашт.