Размоиши густардаи артиши Русия пушти дарҳои Иттиҳоди Аврупо
(last modified Thu, 14 Sep 2017 07:32:33 GMT )
Сентябр 14, 2017 12:32 Asia/Dushanbe
  • Размоиши густардаи артиши Русия пушти дарҳои Иттиҳоди Аврупо

Русия рӯзи панҷшанбе як размоиши низомии бузурги муштарак бо Беларусро пушти дарҳои Иттиҳоди Аврупо оғоз мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ҳарчанд Русия бар моҳияти “сирфан дифоӣ”-и ин размоиш таъкид мекунад, аммо бархе аъзои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ин размоишро намоиши қудрат донистанду онро маҳкум карданд.

 Ин размоиш бо номи рамзии “Запад -2017” ба муддати як ҳафта дар тӯли марз бо Литваву Лаҳистон баргузор мешавад ва ба гуфтаи мақомоти русӣ наздик ба 12 ҳазору 700 низомӣ дар он ҳузур доранд.

Ба гуфтаи Валерий Герасимов, раиси Ситоди муштараки артиши Русия, ин тамринҳои низомӣ аз муддатҳо пеш тарҳрезӣ шудааст ва алайҳи ҳеч кишвари хосе нест.

Бархе кишварҳо ва дар раъси онҳо Литваву Эстония дар мавриди оморе, ки Маскав барои ин тамринҳои низомӣ эълом кардааст, ибрози тардид кардаанд ва муътақиданд дар ин размоиш, ки аз чаҳордаҳум то бистуми сентябр баргузор мешавад, беш аз сад ҳазор низомӣ ширкат мекунанд.

Ҳарчанд сенарияи размоиши Русия дар мавриди мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ аст, ки аз се кишвари фарзӣ ба Беларус ва минтақаи Калинингради Русия ворид шуданд, аммо таври ошкор мушаххас аст, ки манзур аз ин се кишвари фарзӣ Литва, Латвия ва Лаҳистон аст.