Сентябр 14, 2017 19:08 Asia/Dushanbe
  • Трамп қарордоди миллиардӣ бо ширкати чиниро лағв кард

Раисиҷумҳури Амрико яке аз бузургтарин талошҳои Чин барои хариди як ширкати амрикоиро ноком гузошт.

Ба гузориши хабаргузори “Ассошиэйтед Пресс”, Доналд Трамп бо судури як дастуруламали иҷроӣ тибқи "Қонуни дифоъ аз маҳсулот" мусавваби соли 1950, бо пешниҳоди як миллиарду 300 миллион долларии як ширкати хусусии чинӣ барои хариди ширкати амрикоии Лотис, ки тавлидкунандаи чип (тароша) аст, мухолифат кард.

Стивен Мнучин, Вазири хазонадории Амрико бо судури баёнияе дар тавзеҳи тасмими Трамп гуфт, мутобиқ бо тааҳҳуди давлат барои ҳифозат аз амнияти миллии Иёлоти муттаҳидаи Амрико, раисиҷумҳур дастури мамнуъияти ин муомиларо содир кард.

Пеш аз он ки Трамп ин дастури иҷроиро содир кунад, Стив Бэннон назарияпардози баландпояи собиқи Кохи Сафед гуфта буд, ки сиёсатмадорони аршади Вашингтон, намехоҳанд дастури кори популистӣ ва натсионализми иқтисодии Трамп иҷроӣ шавад.

Бэннон, ки тарафдори сиёсати сахтгиронаи Амрико алайҳи Чин ва натсионализми иқтисодӣ буд, ҳудуди як моҳ қабл аз Кохи Сафед ихроҷ шуд.