Толибон амалиёт дар Кобул ва Ҷалолободро рад кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i23045-Толибон_амалиёт_дар_Кобул_ва_Ҷалолободро_рад_кард
Сухангӯи гурӯҳи Толибон ҳар гуна дахолати аъзои ин гурӯҳро дар ҳамлаҳои рӯзи чаҳоршанбе ба Кобул ва Ҷалолобод рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 14, 2017 15:17 Asia/Dushanbe
  • Толибон амалиёт дар Кобул ва Ҷалолободро рад кард

Сухангӯи гурӯҳи Толибон ҳар гуна дахолати аъзои ин гурӯҳро дар ҳамлаҳои рӯзи чаҳоршанбе ба Кобул ва Ҷалолобод рад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳамлаи рӯзи гузаштаи омили интиҳорӣ ба варзишгоҳи крикети Кобул, ҳеҷ иртиботе ба гурӯҳи Толибон надорад ва ин гурӯҳ ҳаргуна даст доштани аъзои худро дар ин ҳамла рад мекунад.

Ин инфиҷор асри рӯзи чаҳоршанбе дар маҳалли истибозрасии вурудии Варзишгоҳи крикети Кобул, ки дар наздикии ҷодаи Майванд дар ҷанубу шарқи Кобул қарор дод, рӯй дод.

Дар ин иқдоми террористӣ се нафар кушта ва 12 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамчунин дахолати аъзои ин гурӯҳро дар ҳамлаи рӯзи гузашта ба шаҳри Ҷалолобод- маркази вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, ки шуморе ғайринизомӣ дар он кушта ва ё маҷрӯҳ шуданд рад кард.