Сентябр 14, 2017 21:10 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти донишҷӯёни афғон дар эътироз ба куштори мусулмонони Миёнмор

Донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул дар эътироз ба ҷиноёти артиши Миёнмор ва буддоиҳои ифротӣ зидди мусулмонони Руҳингиё, тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул бо ибрози ҳамбстагӣ ва ҳамдардӣ бо мусулмонони мазлуми Руҳингиё ва дар эътироз ба нақзи ҳуқуқи башари давлати Миёнмор, ин донишгоҳро таътил карданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул бо сар додани шиори марг бар давлати Миёнмор, хашму танаффури худро аз ҷиноёти артиши ин кишвар зидди мусулмонони Руҳингиё эълом карданд.

Пеш аз ин низ вазорати умури хориҷа ва парлумони Афғонистон, куштори мусулмонони Руҳингиёро ба даст артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ, маҳкум карда буданд.

Куштори мусулмонони Руҳингиё ба даст неруҳои давлатӣ ва буддоиёни ифротии Миёнмор бо мавҷе аз хашму эътироз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп