Таҳдид ба ҷони Натанёҳу ва таътилии консулгарии режими Исроил дар Ню-Йорк
(last modified 2017-09-16T09:21:23+00:00 )
Сентябр 16, 2017 14:21 Asia/Dushanbe
  • Таҳдид ба ҷони Натанёҳу ва таътилии консулгарии режими Исроил дар Ню-Йорк

Консулгарии режими саҳюнистӣ дар Ню-Йорк дар пайи дарёфти бастае таҳдидомез баста шуд.

Ба гузориши телевизиони режими Исроил, консулгарии ин режим дар Ню-Йорк ҷумъашаб пакети дорои як моддаи сафедрангро таҳвил гирифт, ки дар он Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил таҳдид шуда буд.

Пас аз дарёфти ин паёми таҳдидомез, ки соате пас аз вуруди Натанёҳу ба Ню-Йорк рӯй дод, консулгарӣ таътил ва ба коркунони он дастур дода шуд, дар дохили сохтмон бимонанд.

Масъулони консулгарӣ нерӯҳои амниятии амрикоиро низ ба маҳалли консулгарӣ фаро хонданд.

Натанёҳу ҷумъашаб барои ширкат дар Маҷмаи умумии СММ вориди Ню-Йорк шуд.

 

Барчасп