Сентябр 17, 2017 09:11 Asia/Dushanbe
  • Вилояти Маскав ба думболи ҷазби коргарони муҳоҷири ҳирфаӣ

Муовини раиси вилояи Маскав бо ҷаззоб хондани ин минтақа барои фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла атбои Тоҷикистон гуфт, ба думболи ҷазби коргарони муҳоҷири ҳирфаӣ аст.

Ба гузориши сомонаи “Mosreg.ru”, хонум Элмира Хайрмурзина афзуд, дар соли 2016, 40 дарсад аз кулли коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди давлатҳои мустақил), ки вориди Русия шудаанд, дар марокизи тавлидӣ, тиҷорӣ ва хадамотии вилояти Маскав истихдом шудаанд.

Вай таъкид кард, танҳо дар соли 2016 дар ин вилоят як миллиону 239 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла атбои Тоҷикистон сабти ном шуда, ки беш аз 13 ҳазор нафар аз ин афрод тобеияти Русияро касб кардаанд.

Ба гуфтаи вай, дар айни ҳол мақомоти вилояти Маскав тарҷеҳ медиҳанд, барои таъмини ниёзи марокизи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва хадамотии ин минтақа аз коргарони муҳоҷири хориҷии дорои ҳирфа ва шуғл истифода кунанд. Бинобар ин беҳтар аст кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон омӯзиши коргарони худро дар дохили ин кишварҳо аз тариқи роҳандозии омӯзишгоҳҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ (касбӣ-техникӣ) иртиқо диҳанд ва бар асоси тақозои бозори кори Русия, аз ҷумла вилояти Маскав коргарони ҳирфаиро ба ин минтақа фиристанд.

Муовин раиси вилояти Маскав ҳамчунин ёдовар шуд, ба иллати мусалмон будани бештари ин коргарони муҳоҷир дар ин минтақа 21 масҷид фаъол аст ва барои баргузории намоз дар рӯзҳои иди Фитр ва Қурбон маконҳои дигаре низ барои онон ихтисос дода мешавад.

 Вазорати умури дохилии Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишварро наздик ба як миллион нафар эълом карда ва созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷик ба изофаи коргарони мавсимӣ, аз ҷумла афроди шоғил дар бахши кишоварзӣ, теъдоди ононро байни як миллиону 500 ҳазор то ду миллион нафар тахмин задаанд.

 

Барчасп