Сентябр 17, 2017 14:34 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Туркманистон

Раиси ҷумҳурии Афғонистон имрӯз дар садри ҳайате ба Ишқобод сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Ашраф Ғанӣ дар ин сафари якрӯза, илова бар дидор бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҷумҳурии Туркманистон ва Тоҷикистон, дар маросими расмии кушоиши мусобиқаҳои осиёӣ низ ширкат хоҳад кард.

Туркманистон пеш аз ин аз омодагии Ишқобод барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Кобул дар бахши мубориза бо маводи мухаддир, муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа ва кӯмак ба раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон хабар дода ва эълом карда буд, Туркманистон омода аст бидуни мудохила дар умури дохилии Афғонистон бо ин кишвар ҳамкорӣ кунад.

Ҳарчанд Афғонистон ва Туркманистон ихтилофоти кӯчаки марзӣ бо ҳам доранд, аммо ин ихтилофот то кунун равобити ду тарафро таҳти таъсир қарор надодааст.

Гуфта мешавад, муқобила бо ду хатари умдаи “афзоиши убури маводи мухаддир” ва ҳамчунин “хатари гурӯҳи террористии ДИИШ” аз Афғонистон ба Туркманистон, метавонад абъоди ҳамкориҳоро афзоиш диҳад.

 

 

 

 

 

Барчасп