Трамп бо тӯби голф Ҳиллари Клинтонро нақш бар замин кард + видео
https://parstoday.ir/tg/news/world-i23237-Трамп_бо_тӯби_голф_Ҳиллари_Клинтонро_нақш_бар_замин_кард_видео
Раиси ҷумҳурии Амрико дар сафҳаи твиттерии худ филми танзи яке аз тарафдоронаш алайҳи Ҳиллари Клинтонро бознашр кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 18, 2017 15:47 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии Амрико дар сафҳаи твиттерии худ филми танзи яке аз тарафдоронаш алайҳи Ҳиллари Клинтонро бознашр кард.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Доналд Трамп рӯзи гузашта дар ҳисоби твиттерии худ як филми сохтагӣ аз худро дар ҳоле, ки машғули бозии голф аст, мунташир кард.

 Дар ин филм вай тӯби голфи худро ба самти Ҳиллари Клинтон, номзади демократи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016-и Амрико партоб мекунад ва Клинтон, ки дар ҳоли савор шудан ба ҳавопаймост, бар асари бархурди ин тӯб ба камараш нақш бар замин мешавад.

 Дар филми аслии савор шудани Ҳиллари Клинтон ба ҳавопаймо, ки марбут ба соли 2011 аст, ҳеҷ асаре аз тӯби голф набуд.

То кунун Кохи Сафед ва ҳамин тавр сухангӯи Ҳиллари Клинтон дар бораи твити раиси ҷумҳурии Амрико изҳори назаре накардаанд.