Масдуд шудани ҳазорон ҳисоби муртабит бо терроризм дар “Твиттер”
(last modified 2017-09-21T12:35:56+00:00 )
Сентябр 21, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани ҳазорон ҳисоби муртабит бо терроризм дар “Твиттер”

Шабакаи иҷтимоии “Твиттер”, 300 ҳазор ҳисоби муртабит бо тарвиҷдиҳандаи терроризмро дар нимаи нахусти соли 2017 масдуд кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Bloomberg”, шабакаи иҷтимоии “Твиттер”  имрӯз эълом кард, ин ҳисобҳои “Твиттерӣ-” ро таҳти фишори давлатҳо ва барои мубориза бо ифротгароии “онлайн”, дар нимаи аввали соли ҷории милодӣ, масдуд кардааст.

 “Твиттер” афзуд, барои мубориза бо ифротгароии муртабит бо терроризм абзорҳои худкорашро барои шиносоӣ ва масдуд кардани ҳисобҳои муртабит бо тероризм беҳбуд додааст.

Бино ба эъломи ин шабака, аз январ то июни имсол, мақомоти Амрико беш аз 21 ҳазор, Ҷопон беш аз як ҳазор ва Бритониё 600 дархост аз “Твиттер” барои дастрасӣ ба иттилооти ҳисобҳои мавриди назаршон доштаанд.

Шабакаи иҷтимоии “Твиттер”дар ҳоле аз масдуд шудани ҳисобҳои муртабит бо терроризм хабар дод, ки Бритониё, Фаронса ва Италия, ширкатҳои дастандаркор дар шабакаҳои иҷтимоиро таҳти фишор гузоштаанд, то муҳтавоҳои террористиро аз интернет ҳазф кунанд.

Иттиҳодияи Аврупо ҳам таҳдид кардааст, агар ширкатҳои интернетӣ талошҳои худро барои назорат бар муҳтавои қобилии дастрасӣ дар фазои маҷозӣ афзоиш надиҳанд, қавонини лозимро вазъ хоҳанд кард.

Гурӯҳи террористии ДИИШ барои анҷоми таблиғоти худ ва интишори  охирин ахбори фаъолиятҳои анҷом шуда, шурӯ ба тавлиди барномаҳои мухталифи интернетӣ кардааст.

Барчасп