Боздошти 173 нафар аз коркунони додгоҳи Истанбул
(last modified Mon, 15 Aug 2016 14:23:16 GMT )
Август 15, 2016 19:23 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 173 нафар аз коркунони додгоҳи Истанбул

Нерӯҳои амниятии Туркия 173 тан аз коркунони додгоҳи Истанбулро дар иртибот бо парвандаи кудатои нофарҷоми 15-уми июли ин кишвар, боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва сомои Эрон, нерӯҳои амниятии Туркия рӯзи душанбе ҳамчунин бинои додсарои Истанбулро барои ёфтани мадорике аз нуфӯзи ҷумбиши "Хизмат" ба раҳбарии Фатҳуллоҳ Гулен, мавриди бозрасӣ қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, афроди боздоштшуда ба ҳамроҳи бисёре аз аснод ва теъдоде аз роёнаҳои додситонӣ, барои баррасиҳои бештар ба маркази шаҳрбонии Истанбул интиқол дода шуданд.

Гуфтанист, ҳудӯди 80 ҳазор тан аз кормандони ниҳодҳои мухталифи давлатии Туркия, дар пайи кудатои нофарҷоми ин кишвар ба иттиҳоми узвият дар ҷумбиши "Хизмат" ва ё ҳамкорӣ бо он, аз кор барканор ё боздошт шудаанд.

Давлати Туркия Гуленро ба даст доштан дар кудатои нофарҷоми 15 июл, ки дар он 237 нафар кушта шудаанд, муттаҳам кардааст.