Ҳаниф Атмар: Муборизаи Покистон бо терроризм танҳо иддао аст
Мушовири амнияти миллии давлати Афғонистон гуфт, Покистон танҳо иддаои мубориза бо терроризмро дорад.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Муҳаммад Ҳаниф Атмар- мушовири амнияти миллии Афғонистон рӯз душанбе гуфт, Покистон бояд бо нишондодани мадрак собит кунад, ки воқеъан бо терроризм мубориза карда ва дар ин замина нисбат ба Афғонистон талоши бештаре анҷом додааст.
Вай афзуд, Афғонистон омилони ҳамалоти хунин дар Покистон аз ҷумла ҳамлаи соли 2014 милодӣ ба мадрасаи вобаста ба артиши ин кишварро боздошт кард ва ба мақомоти покистонӣ таҳвил дод, аммо Исломобод токунун алайҳи Шӯрои Кветта ва гурӯҳи Ҳақонӣ ҳеч иқдоме накардааст.
Ҳаниф Атмар гуфт, Афғонистон ҳамчунин фарде ба номи Муфтӣ Холидро, ки кӯдакони покистониро дар Пешовар кушт, боздошт кард ва аз мақомоти покистонӣ хост, то дар муқобил, як нафар аз касонеро, ки дар Афғонистон даст ба ҷиноят задаанд, ба тарафи афғон нишон диҳанд.
Бархе маҳофили сиёсӣ ва расонаӣ дар Афғонистон муътақиданд, артиши Покистон ба баҳонаи таъқиби террористҳо борҳо вориди Афғонистон шудааст, ки ин масаъла бо ангезаҳои сиёсӣ ва барои нишондодани иқтидори Исломобод анҷом мешавад.