Интиқоди Дидбони ҳуқуқи башар аз Арабистон ба далели изҳороти зиддишиии муфтиҳо
(last modified Tue, 26 Sep 2017 15:37:36 GMT )
Сентябр 26, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Дидбони ҳуқуқи башар аз Арабистон ба далели изҳороти зиддишиии муфтиҳо

Дидбони ҳуқуқи башар режими Оли Саудро ба додани муҷаввиз ба муфтиҳои олирутбаи Арабистон барои суханронӣ алайҳи шиаён муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Дидбони ҳуқуқи башар, мустақар дар Ню-Йорк дар гузорише эълом кард, муфтиҳои Арабистон, аз ҷумла онҳое, ки дар мансабҳои расмию давлатӣ ҳастанд, бо истифода аз абзорҳои қарни 21, ба мисли “Твиттер” ношикебоӣ ва танаффурро миёни ҳомиёни худ  паҳн мекунанд. Бинобар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар, суханони табъизомези муфтиҳои Саудӣ алайҳи шиаён ҳатто дар дастурҳои расмию китобҳои кӯдакон дида мешавад, ки ин ба маънии таҳқиру саркӯби ақоиди шиаён аст. Дидабони ҳуқуқи башар таъкид кард, изҳороти муфтиҳои Саудӣ алайҳи шиаён паёмадҳои маргборе дар минтақа дорад, зеро тавҷеҳе барои ҷиноятҳои гурӯҳҳое назири ДИИШ алайҳи шаҳрвандони шиа ва маконҳои муқаддаси шиаён дар Сурия ва Ироқ аст.

Дар ин зимн Дидбони ҳуқуқи башар аз Амрико, муттаҳид аслии Арабистон хост, ба ин мавҷи нафратпароканӣ хотима диҳад.