Таҳсини нависандаи амрикоӣ аз суханони раҳбари инқилоб дар бораи ҳаводиси Мянмар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i23715-Таҳсини_нависандаи_амрикоӣ_аз_суханони_раҳбари_инқилоб_дар_бораи_ҳаводиси_Мянмар
Нависандаи амрикоӣ интиқодҳои раҳбари муаззами инқилоби исломии Эронро аз сукути ниҳодҳои байналмилалӣ дар қиболи қатли оми мусулмонони Мянмар, таҳсин кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 27, 2017 18:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳсини нависандаи амрикоӣ аз суханони раҳбари инқилоб дар бораи ҳаводиси Мянмар

Нависандаи амрикоӣ интиқодҳои раҳбари муаззами инқилоби исломии Эронро аз сукути ниҳодҳои байналмилалӣ дар қиболи қатли оми мусулмонони Мянмар, таҳсин кард.

Ба нақл аз Тасним, Майкл Спрингмен, дипломати собиқ ва нависандаи амрикоӣ гуфт: Суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар бораи сукути ҷомеаи байналмилал ва бархе давлатҳои исломӣ дар қиболи ҷиноятҳои давлати Мянмар алайҳи мусулмонони Роҳингия, суханоне баҷо ва таҳсинбарангез аст .

Вай гуфт: Давлатҳои исломӣ ва дар воқеъ тамоми давлатҳо бояд иқдоме сареъ дар қиболи рафтори бераҳмонаи давлати Мянмар анҷом диҳанд .

Ин дипломати собиқи амрикоӣ, иллати ҳозир нашудани Аунг Сан Су Чи дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳидро тафра рафтан аз саволот ва интиқодоти бисёр аз ӯ ба далели рафтори давлати Мянмар алайҳи мусулмонони ин кишвар донист .

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, 12 сентябр бо интиқод аз сукут ва даст рӯи даст гузоштани ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва муддаиёни ҳуқуқи башар дар баробари ҳаводиси фоҷеаомези Мянмар таъкид карданд: Роҳҳалли ин қазия, иқдоми амалии кишварҳои исломӣ ва фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ ба давлати бераҳми Мянмар аст .

Бар асари ҳамалоти ахири артиши Мянмар ба мусулмонони Роҳингияӣ дар устони Рахин, ғарби ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта оғоз шудааст, ҳазорон нафар кушта ва захмӣ ва садҳо ҳазор нафар овора шудаанд .