Сентябр 28, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
  • Дастрасии ниҳодҳои ҳуқуқи башар ба манотиқи мусалмоннишини Миёнмор

Давлати Миёнмор ба ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар иҷоза дод ба сурати контролшуда авзоро дар иёлати мусалмоннишини Рохин арзёбӣ кунанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Франс 24”, ба думболи эътирозоти байналмилалӣ мақомоти Миёнмор саранҷом муҷаввизи дастрасии созмонҳои башардӯстонаро ба иёлати мусалмоннишини Рохин содир карданд.

Ин иқдоми мақомоти Миёнмор ба созмонҳои башардӯстона иҷоза медиҳад авзоро дар манотиқи мусалмоннишин арзёбӣ кунанд.

Флипп Гранди, комиссари олии паноҳҷӯёни Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, давлати Миёнмор омили бурузи буҳрон дар манотиқи мусалмоннишин аст ва роҳи ҳалли ин буҳрон низ ба дасти давлати Миёнмор аст.

Вай аз мақомоти давлати Миёнмор хост, хушунатҳоро дар иёлати Рохин мутаваққиф кунанд.

Бар асоси оморҳои эъломшуда, аз 25-уми август то кунун беш аз шаш ҳазор мусалмони руҳингиёӣ кушта ва дастикам ҳашт ҳазор тани дигар захмӣ ва беш аз 430 ҳазор нафар ба Бангладеш фирор кардаанд.

 

Барчасп