Эрдуғон: Ҷудоии курдҳо мушкилоташонро бештар мекунад
Раисиҷумҳури Туркия гуфт, ҷудоии курдҳо бар мушкилоташон меафзояд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия имрӯз(панҷшанбе) дар Кохи раёсатҷумҳурӣ дар Анкара, гуфт, «даргириҳои қавмӣ ба нафъи ҳеҷ кас нест, агар курдҳои Ироқ ҷудо бишванд, мушкилоте, ки ҳамакнун дар минтақа доранд, бештар хоҳад шуд.»
Эрдуғон таъкид кард, ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ ба шикаст меанҷомад.
Ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифатҳои байналмилалӣ, минтақаӣ, давлати марказии Бағдод ва мухолифати ошкор бо Қонуни асосии Ироқ, душанбе 25 сентябр дар манотиқе аз шимоли Ироқ устонҳои Арбил, Сулаймония ва диҳук ва манотиқи мавриди низоъ, аз ҷумла Каркук баргузор шуд.
Ҳайдар Ал Ибодӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи сешанбе ба минтақаи Курдистони Ироқ 72 соат мӯҳлат дод то фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзиро ба давлати марказӣ таҳвил диҳад.
Ал Ибодӣ баргузории ахири ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистонро бар хилофи Қонуни асосии Ироқ ва қавонини байналмилалӣ донист.