Талоши либералҳои Шветсия барои мамнуъ кардани ҳиҷоби исломӣ
Ҳизби либерали Шветсия қасд дорад, дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар барномаи мамнуъ шудани ҳиҷобро иҷро кунад.
Ба гузориши “Спутник, Ҳизби либерали Шветсия дар интиқод аз сиёсатҳои эътилофи ҳокими ин кишвар қасд дорад, то дар қолаби барномае 12 бандӣ, ҳиҷобро дар шаҳри Троллхеттан мамнуъ кунад.
Ҳизби либерали Шветсия ҳамакнун мухолифи Эътилофи сурх ва сабзи ҳоким аст ва ба шиддат аз сиёсатҳои давлат дар заминаи ҳамгароӣ бо номи «Шветсияиҳои ҷадид» интиқод мекунад.
Додгоҳи аврупоӣ чандин моҳ қабл ба корфармоён иҷоза дод, то истифода аз ҳиҷоби исломӣ ва бакор бурдани намодҳои мазҳабиро барои коркунон мамнуъ эълом кунанд.
Густариши исломҳаросӣ дар кишварҳои ғарбӣ, мӯҷиби маҳдудсозиҳои густурда зидди ҷомеаи мусулмон дар ин кишварҳо шудааст.