Сентябр 29, 2017 17:06 Asia/Dushanbe
  • Зариф ва Могеринӣ дар садри феҳристи номзади Ҷоизаи сулҳи Нобел 2017

Нашрияи муътабари норвегияӣ дар гузорише аз вазири умури хориҷаи Эрон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба иллати нақшофаринӣ дар музокироти ҳастаӣ, ба унвони номзади дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2017 ёд кард.

Ба нақл аз нашрияи хабарии "Ниюз Ин Енглиш"-и Норвегия, Ҳенрик Орудал, мудири Муассисаи таҳқиқоти сулҳи Осло ва Осле Свен, нависандаи чанд китоб дар бораи Ҷоизаи сулҳи Нобел, Муҳаммадҷаводи Зариф ва Федерика Могериниро ба иллати нақшофаринӣ дар ҳусули тавофуқи ҳастаӣ, шоистаи дарёфти ин ҷоиза муаррифӣ карданд .

Орудал, ки пеш аз ин Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи пешини Амрикоро шоистаи Ҷоизаи сулҳи Нобел надониста буд, гуфтааст, ин паёмро илқо хоҳад кард, ки тавофуқи ҳастаии Эрон бо панҷи ба иловаи як ба ҳимояти Амрико ниёзе надорад .

Орудал ва Свен муътақиданд, ки эътои Ҷоизаи сулҳи Нобел ба Зариф ва Могеринӣ, паёми маҳкаме аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо панҷи ба иловаи як мавсум ба БАРҶОМ аст .

Беш аз 318 нафар дар феҳристи дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2017 номзад ҳастанд .

 

Барчасп