Июл 17, 2016 18:07 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ҳудуди 180 муздури Арабистон дар Яман

Манобеи низомии яманӣ аз кушта шудани ҳудуди 180 нафар аз муздурони Арабистон дар ҳамлаи мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман хабар доданд.

Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии "Раъйюлявм", артиш ва кумитаҳои мардумии Яман шанбешаб як мушаки боллистикро ба таҷаммуи мутаҷовизон дар подгони ҷануби Таиз, ҷанубу ғарби Яман шиллик карданд.

Ин мушак ки утоқи амалиёти мутаҷовизон дар ин подгонро ҳадаф қарор дод, ба кушта шудани 179 муздур, аз ҷумла чанд араб ва хориҷӣ мунҷар шуд. Ин подгон ахиран наздики тангаи Бобалмандаб эҳдос шудааст.

Шабакаи телевизионии "Алмасира"-и Яман гузориш дод, муздурони мутаҷовизи Арабистон рӯзи якшанбе дар ҳамлае ба минтақаи Алмаслуб дар вилояти Алҷуфи Яман ноком монданд. Дар ин ҳамла шуморе аз муздурон кушта ва захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаи муздурони саудӣ ба минтақаи Ём, дар ноҳияи нуҳуми вилояти Санъои Яман аз сӯйи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман хунсо шуд. Дар ин даргирӣ шуморе аз муздурони Арабистон кушта ва захмӣ шуданд ва чанд дастгоҳ худрави зиреҳпӯши онҳо мунҳадим шуд.

Шабакаи телевизионии "Алмасира" -и Яман ҳамчунин аз ҳамлаи ҷангандаҳои Арабистон ба ноҳияи Саҳори вилояти Саъдаи Яман хабар дод. Аз талафоти эҳтимолии ин ҳамлаи ҳавоӣ гузорише дарёфт нашудааст.

Барчасп