Кореяи Шимолӣ беш аз 100 озмоиши мушакӣ анҷом хоҳад дод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i23997-Кореяи_Шимолӣ_беш_аз_100_озмоиши_мушакӣ_анҷом_хоҳад_дод
Як андешкадаи амрикоӣ пешбинӣ кард, дар замони раёсатҷумҳурии Трамп даври ҷадиде аз озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолӣ дар ҳаҷму теъдоди камсобиқа анҷом хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 03, 2017 16:34 Asia/Dushanbe
  • Кореяи Шимолӣ беш аз 100 озмоиши мушакӣ анҷом хоҳад дод

Як андешкадаи амрикоӣ пешбинӣ кард, дар замони раёсатҷумҳурии Трамп даври ҷадиде аз озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолӣ дар ҳаҷму теъдоди камсобиқа анҷом хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Экспресс”, дар ҷадидтарин гузориши Маркази стратегӣ ва мутолиоти байналмилалии Амрико омадааст, Кореяи Шимолӣ дар даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп бештарин озмоишҳои мушакиро анҷом медиҳад. Маркази стратегӣ ва мутолиоти байналамилалии Амрико афзуд, дар шароити кунунӣ эҳтимолан Кореяи Шимолӣ беш аз 100 озмоиши мушакиро дар давраи раёсатҷумҳурии Трамп анҷом хоҳад дод, ки дар навъи худ рекорди таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Кореяи Шимолӣ 24 озмоиши мушакӣ ва як озмоиши бомби ҳастаиро дар ҳафт моҳи нахусти раёсатҷумҳурии Трамп анҷом додааст. Трамп бо радди ҳар гуна музокира ва роҳкорҳои дипломатӣ барои ҳалли таниш бо Кореяи Шимолӣ ба Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии худ гуфтааст, вақташро барои музокира бо Пхенян ҳадар надиҳад.