Гузориши вижа. Талош барои танишзудоӣ дар равобити Покистону Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24017-Гузориши_вижа._Талош_барои_танишзудоӣ_дар_равобити_Покистону_Афғонистон
Халилӣ. Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Покистон дар сафар ба Кобул бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дидор ва дар бораи коҳиши таниши миёни ду кишвар гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 03, 2017 21:54 Asia/Dushanbe

Халилӣ. Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Покистон дар сафар ба Кобул бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дидор ва дар бораи коҳиши таниши миёни ду кишвар гуфтугӯ кард.

Ин сафар аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки парвандаи Афғонистон дар ихтиёри Артиши Покистон ва хадамоти амниятии ин кишвар аст. Аз дидгоҳи Ҳукумати Афғонистон низ, тарафи аслии ин кишвар дар Покистон артиш аст ва дар бораи масоили ихтилофбарангез, аз ҷумла масъалаи Толибон, амнияти марзҳои муштарак ва муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ин Артиши Покистон аст, ки бояд ба Ҳукумати Афғонистон тазмин бидиҳад.