Октябр 04, 2017 14:51 Asia/Dushanbe
  • Нишони “Озодии Оксфорд” аз раҳбари Миёнмор пас гирифта шуд

Масъулони шаҳри Оксфорди Британия дар эътироз ба авзои Миёнмор ва саркӯби мусалмонони Руҳингиё, нишони мавсум ба “Озодии Оксфорд”-ро аз Аун Сан Су Чжи, раҳбари ин кишвар пас гирифтанд.

Ба гузориши ИРНА, раиси Шӯрои шаҳрдории Оксфорди Британия бо интиқод аз ҷиноятҳои артиш ва шибҳинизомиёни буддоӣ дар Миёнмор алайҳи мусалмонони Руҳингиё, аз пас гирифтани нишони Озодӣ аз хонуми Су Чжи ҳимоят кард ва гуфт, мардум ба далели авзои кунунии Миёнмор музтариб ҳастанд.

Нишони “Озодии Оксфорд” ба афроде эъто мешавад, ки ба назари Шӯрои шаҳри Оксфорд корҳои шоистае барои ин шаҳр анҷом додаанд.

Донишгоҳи Оксфорди Лондон низ 30-юми сентябр тоблуи наққошиеро, ки тасвири Су Чжи рӯйи он нақш баста буд, аз сари дари вурудии донишкадаи “Сент Ҳю”-и ин донишгоҳ пойин кашид.

Донишгоҳи Оксфорд дар соли 2012 ба Су Чжи доктории ифтихорӣ дода буд.

Саркӯби мусалмонони Руҳингиё ба дасти нерӯҳои давлатӣ ва буддоиёни ифротӣ дар Миёнмор фишорҳои байналмилалӣ бар раҳбари ин кишварро афзоиш дода, ба гунае, ки ҳатто мавзӯи пас гирифтани Ҷоизаи Нобел аз вай матраҳ шудааст.

Су Чжи дар соли 1991 барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд ва бо пирӯзӣ дар интихоботи соли 2015-и Миёнмор қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт.

 

Барчасп