Ашраф Ғанӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон сулҳ бо Толибон аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24127-Ашраф_Ғанӣ_Роҳи_ҳалли_мушкилоти_Афғонистон_сулҳ_бо_Толибон_аст
Раисиҷумҳури Афғонистон бори дигар омодагии худро барои гуфтугӯ бо Толибон барои барқарории сулҳу субот дар кишвараш эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2017 15:03 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон сулҳ бо Толибон аст

Раисиҷумҳури Афғонистон бори дигар омодагии худро барои гуфтугӯ бо Толибон барои барқарории сулҳу субот дар кишвараш эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ашраф Ғанӣ эълом кард, роҳбурди Афғонистон фароҳам кардани имконоти дастёбӣ ба роҳи ҳалли сиёсӣ аст ва тавофуқи сулҳ бо Толибон, танҳо роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст.

Раисиҷумҳури Афғонистон тасреҳ кард, мудирияти ҷанг дар ин кишвар дар муқоиса бо солҳои гузашта беҳбуд ёфтааст, аммо дар чаҳор соли оянда неруҳои амниятии афғон метавонанд бо ҳамалоти гурӯҳҳои мухолиф аз ҷумла Толибон муқобила кунанд.

Ашраф Ғанӣ афзуд, сарнагунии ҳукумат ва эҷоди ҷуғрофияи сиёсӣ дар Афғонистон аз аҳдофи Толибон буд, аммо ноком мондааст.

Давлати Афғонистон борҳо омодагии худро барои барқарори сулҳ ва таъмин амният ва поёни ҷанг эълом карда, аммо Толибон онро ба хурӯҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистон манут кардааст.