Ихроҷи таҳиякунандаи ҳолливудӣ ба иллати иттиҳоми озору азияти ҷинсӣ
Таҳиякунандаи ҳолливудӣ ва дорандаи ҷавоизи мутааддиди Оскар, ки ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам шуда, аз ширкати филмсозӣ, ки худаш аз поягузорони он аст, ихроҷ шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, мудирони “Weinstein Company” дар баёнияе Ҳарви Ваинштейн, таҳиякунандаи ин компаниро ба иттиҳоми озору азияти ҷинсӣ ихроҷ карданд .
Ҳарви Ваинштейн аз сӯи чанд зан аз ҷумла ду ҳунарпешаи матраҳи синамои Амрико, ба талош барои таарруз ва додани ваъдаҳое ҷиҳати кумак ба муваффақияти онҳо дар изои доштани равобити номашруъ бо вай муттаҳам шудааст .
Ҳарви Ваинштейн, ки ба ҳамроҳи бародараш ду ширкати филмсозии “Miramax” ва “Weinstein Company”-ро таъсис кард, ҷавоизи зиёде дар ҷашнвораҳои синамоӣ ба вижа дар Кен ва Оскар дарёфт кардааст .
Расвоии ахлоқӣ дар Амрико илова бар ҳунармандон дар байни сиёсатмадорони он низ ривоҷ дорад, ки метавон ба расвоии ахлоқӣ ва равобити номашруи Билл Клинтон, раисҷумҳури асбақи Амрико бо Моника Левинский, аз коромӯзони Кохи Сафед ишора кард .