Таҳрими бесобиқаи Созмони милали муттаҳид алайҳи Кореяи Шимолӣ
(last modified Tue, 10 Oct 2017 10:30:53 GMT )
Октябр 10, 2017 15:30 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими бесобиқаи Созмони милали муттаҳид алайҳи Кореяи Шимолӣ

Таҳримҳои ҷадид ва шадиди Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид алайҳи Кореяи Шимолӣ пас аз шашумин ва бузургтарин озмоиши атомии ин кишвар тасвиб шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, кумитаи пайгирии муҷозотҳои байналмилалии созмон алайҳи Кореяи Шимолӣ рӯзи душанбе мамнуияти паҳлугирии чаҳор каштии Кореяи Шимолиро ба иҷро гузошт .

Ин иқдом дар торихи Созмони милали муттаҳид бесобиқа аст .

Хю Гриффитс, ҳамоҳангкунандаи коршиносони Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар умури таҳримҳои Кореяи Шимолӣ гуфт: Нахустин бор дар торихи Созмони милали муттаҳид аст, ки мамнуияти паҳлугирии каштиҳои тиҷории як кишвар дар бандарҳои ҷаҳон эълом мешавад .

Ин чаҳор каштӣ, колҳое аз ҷумла ангишт, маводи ғизоии дарёӣ ва санги оҳанро, ки содироти он аз Кореяи Шимолӣ ба муҷиби таҳримҳои Созмони милали муттаҳид мамнуъ шудааст, ҷобаҷо мекарданд .

Ин иқдом ҳамзамон бо таҳдидоти рӯзафзуни Доналд Трамп, раиси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Кореяи Шимолӣ сурат мегирад .

Чину Русия ҳам ба унвони ду ҳампаймони Пхенян, аз таҳримҳои Созмони милали муттаҳид алайҳи Кореяи Шимолӣ ҳимоят карданд .