Боздошти беш аз як миллиону 300 ҳазор мақоми фосид дар Чин
Дар панҷ соли гузашта беш аз як миллиону 300 ҳазор мақому масъули фосид дар Чин шиносоӣ ва боздошт шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, комиссияи интизомии Ҳизби коммунисти Чин дар остонаи баргузории нуздаҳумин иҷлоси бузурги ин ҳизб эълом кард, дар панҷ соли гузашта дастовардҳои зиёде дар мубориза бо фасод дар Чин ҳосил шуда, ба тавре ки оморҳо нишон медиҳад, илова бар боздошти ҳудуди як миллиону 343 ҳазор мақоми фосид ҳудуди 130 нафар аз мақомҳои чиние, ки ба кишварҳои дигар гурехта буданд, низ ба ин кишвар бозгардонда шуданд.
Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин дар соли 2012 бо шиори “Мубориза бо фасод” рӯй кор омад ва то кунун шумори зиёде аз ин мақомҳои фосидро ба дом андохтааст. Аз миёни афроде, ки дар Чин ба ҷурми даст доштан дар фасод дастгир шудаанд, наздик ба 120 нафар аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки дар раддаҳои болоии ҳукумат соҳиби мансаб будаанд.
19-умин иҷлоси бузурги Ҳизби коммунисти Чин 18-уми октябр дар Пекин оғоз мешавад.