Октябр 13, 2017 20:28 Asia/Dushanbe
  • Хабарҳои зидду нақиз аз суқути минтақаи Мирзоавланги Афғонистон ба дасти Толибон

Бархе манобеъ аз тасарруфи дубораи Мирзоавланги вилояти Сарипули Афғонистон аз ҷониби Толибон хабар медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Муҳаммад Нур Раҳмонӣ, раиси Шӯрои вилояти Сарипули Афғонистон гуфт, аъзои гурӯҳи Толибон рӯзи панҷшанбе ба мавозеи нерӯҳои амниятии афғон дар минтақаи Мирзоавланг ҳамла карданд, ки пас аз чандин соати даргирӣ бо нерӯҳои амниятии афғон ва суқути постгоҳҳои ин минтақа Мирзоавланг бори дигар ба тасарруфи Толибон даромад. Гурӯҳи Толибон ҳам бо интишори баёнияе эълом кард, ин гурӯҳ пас аз ақибнишинии тактикӣ аз Мирзоавланг бори дигар ин минтақаро тасарруф кардааст.

Бо ин ҳол, Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифоъ ва Муҳаммад Родманиш, муовини ӯ аз суқути Мирзоавланг изҳори беиттилоӣ кардаанд. Нусратуллоҳ Ҷамшедӣ, муовини матбуотии қароргоҳи “209 шоҳин”-и Афғонистон низ хабари суқути Мирзоавлангро такзиб карда гуфтааст, нерӯҳои давлатӣ ба хотири ин ки аз талафоти бештар ҷилавгирӣ кунанд, фақат аз ду постгоҳ ақибнишинӣ карданд.

Бомдоди панҷшанбе, сеюми августи имсол гурӯҳи Толибон бо ҳамкорӣ бо нерӯҳои вобаста ба ДИИШ пас аз 48 соати даргирӣ рустои Мирзоавлангро тасарруф карданд ва 52 нафар аз сокинони ғайринизомии ин минтақаро ба сурати фаҷеъ ба қатл расонданд. Нерӯҳои артиши Афғонистон бо ҳамкорӣ бо нерӯҳои хезиши мардумӣ 14 август ин минтақаро аз дасти Толибон ва ДИИШ озод карда буданд.

 

Барчасп