Қадрдонии Бангладеш аз Эрон барои кумак ба мусалмонони Руҳингиё
Вазири беҳдошт ва рифоҳи иҷтимоии Бангладеш аз талошҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мусалмонони овораи миёнморӣ қадрдонӣ кард.
Ба гузориши ИСНА, Муҳаммад Насим дар дидор бо Алиасғари Пайвандӣ, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурии исломӣ ва ҳайати ҳамроҳаш дар Дакка, пойтахти Бангладеш ҳамчунин гуфт, беш аз 700 ҳазор руҳингиёӣ ба Бангладеш паноҳ овардаанд. Муҳаммад Насим афзуд, бисёре аз мусалмонони руҳингиёӣ мавриди озору азият ва шиканҷаи нерӯҳои артишу буддоиёни Миёнмор қарор гирифтаанд.
Тиме аз мудирони аршад ва коршиносони Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон рӯзи чаҳоршанбе барои баррасии вазъияти беҳдоштӣ ва кумакрасонӣ ба оворагони мусалмони Миёнмор вориди Дакка шуданд. Шомгоҳи сешанбе низ сеюмин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мусалмонони руҳингиёӣ вориди Бангладеш шуд. То кунун Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон 130 тонна аз маводи мавриди ниёзи оворагони мусалмони миёнмориро ба Бангладеш ирсол кардааст.