Октябр 17, 2017 20:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафоти ҳамлаи Толибон ба Пактиаи Афғонистон

Шумори куштагони ҳамлаи Толибон ба маркази фармондеҳии полиси вилояти Пактиа, дар ҷануби шарқии Афғонистон ба 32 нафар расид.

Масъулони афғон мегӯянд, ҳамлаи васеъ ва хунини Толибон ба маркази полис дар вилояти Пактиа дар ҷануби Афғонистон бо кушта шудани 32 нафар ва захмӣ шудани беш аз 150 нафар ба поён расидааст .  

Ин ҳамла қабл аз зуҳри рӯзи сешанбе дар шаҳри Гардези маркази вилояти Пактиа замоне оғоз шуд, ки гурӯҳи муҳоҷимони интиҳории гурӯҳи Толибон муҷаҳҳаз ба ҷилиқаҳои интиҳорӣ ва силоҳҳои худкор ба фармондеҳии полис ҳамлавар шуданд .

Ба гуфтаи мақомоти афғон, теъдоди муҳоҷимон ҳафт нафар буданд, ки ду нафари онон худро дар дарвозаи вурудии маркази полис мунфаҷир карданд ва роҳро барои дигарон боз карданд .

Панҷ террорист низ баъд аз дохил шудан ба маркази полис ва соатҳо муқовимат, ба дасти нерӯҳои афғон аз по даромаданд .

Масъулони афғон мегӯянд, бештари куштаву захмӣ шудагон афроде буданд, ки барои дарёфт раводиду гузарнома ба идораи полиси Гардез омада буданд .

15 нафар аз захмӣ шудагон низ донишҷӯёни духтари донишгоҳи вилояти Пактиа ҳастанд, ки хобгоҳашон дар наздикии маҳалли ҳодиса буд .

Гурӯҳи Толибон масъуляти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст .

 

Барчасп