Октябр 18, 2017 22:02 Asia/Dushanbe
  • Осори пои Фаронса дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия

Асноди ҷадиди мушорикати шуморе аз мақомоти фаронсавӣ дар ҳимояти молӣ аз гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷибҳа-Алнусра дар Сурия бармало шуд.

Ба нақл Алахборияи Сурия, дар асноди ҷадиде, ки анҷумани ғайридавлатии фаронсавии Шарбел мунташир кардааст, се мақоми фаронсавӣ дар ҳимоят ва таъмини молии гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷибҳа-Алнусра аз тариқи ширкати “Лафарж Семент” мушорикат доштанд .

Ин афрод Лорент Фабиус, вазири умури хориҷаи пешин, Эрик Шевале, сафири пешини Фаронса дар Димишқ ва Франк Ҷуиллет, фиристодаи Фаронса ба Сурия муаррифӣ шудаанд .

Бар асоси ин гузориш, дастгоҳи қазоии Фаронса бо эҳзори Фабиус ва Шевале ба додгоҳ дар бораи асноди мавҷуд ва изҳороти Кристиан Арров, муовини раиси ширкати “Лафарж” дар бораи ҳимоят аз террористҳо дар Сурия, аз онҳо бозхост кард .

Кристиан Арров пеш аз канорагирӣ аз симаташ гуфта буд, ҳар шаш моҳ якбор бо Ҷуиллет дидор ва дар бораи корхонаи ширкати “Лафарж Семент” дар Раққаи Сурия бо вай гуфтугӯ кардааст .

Кишварҳои ғарбӣ бо ҳимояти ҳамаҷониба аз гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа, ба густариши нуфузи онҳо дар ҷаҳон доман задаанд ва ин мавзуъ нигаронии худи онҳоро муҷиб шудааст .

 

Барчасп