Ифшогарии Трамп дар бораи ҳимояти Амрико аз кудатои Туркия
Номзади ҷанҷолии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ҳимояти Созмони иттилооти марказии Амрико "СИА" аз кудатои нофарҷоми Туркияро ифшо кард.
Ба иттилои сайти хабарии Алъолам, Доналд Тармп, номзади ҷанҷолии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо интишори матлабе дар саҳифаи Твиттери худ тасреҳ кард: Шавоҳиде вуҷуд дорад, ки 13 афсари баландпояи "СИА" аз кудаточиёни Туркия ҳимоят карданд.
Трамп афзуд: Раҳбарии нодурусти Барак Обама, раисҷумҳури Амрико сабаби ин иштибоҳи фоҳиш шуд ва ба манофеи ин кишвар дар Ховари Миёна зарба зад.
Иддае муътақиданд, ин ифшогарӣ боиси ҷанҷоли тозае дар рақобати интихоботии раёсатҷумҳурии Амрико миёни Трамп ва Ҳиларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ хоҳад шуд.
15-и июл шуморе аз низомиёни артиши Туркия иқдом ба кудато карданд, ки бо ҳузури мардуми ин кишвар дар сатҳи шаҳрҳо ба саранҷом нарасид ва ин кудато пас аз чанд соат ба шикаст анҷомид.