Таъсиси донишгоҳи вижаи солмандон дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24764-Таъсиси_донишгоҳи_вижаи_солмандон_дар_Чин
Чин дар солҳои ахир донишгоҳҳои махсуси шаҳрвандони солманд таъсис карда, ки ҷойгоҳи вижае дар миёни ин қишр пайдо кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 19, 2017 18:02 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси донишгоҳи вижаи солмандон дар Чин

Чин дар солҳои ахир донишгоҳҳои махсуси шаҳрвандони солманд таъсис карда, ки ҷойгоҳи вижае дар миёни ин қишр пайдо кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, наздик ба 60 ҳазор донишгоҳ бо зарфияти пазириши ҳафт миллион донишҷӯ дар сол барои афроди солманд дар Чин роҳандозӣ шуда ва истиқбол аз ин донишгоҳҳо рӯ ба афзоиш аст .

Солмандон дар ин донишгоҳҳо, маҳоратҳои мухталиф аз ҷумла бофтанӣ, наққошӣ ва хушнависӣ ва кор бо роёнаро фаро мегиранд .

Ҳадаф аз таъсиси донишгоҳ барои солмандон, омӯзиш додани матолиби ҷадид ва фанновариҳои рӯзи дунё ба ин қишр, кумак ба саломати рӯҳӣ ва ҷисмии онҳо ва пешгирӣ аз ибтило ба бемориҳое монанди алзоймер, изтироб ва афсурдагӣ аст .

Дар ҳоли ҳозир, беш аз 230 миллион фарди болои 60 сол дар Чин зиндагӣ мекунанд .