Нобудии 80 дарсади ҳашроти Аврупо дар 30 соли оянда
Октябр 20, 2017 17:57 Asia/Dushanbe
Пажуҳишгарони олмонӣ дар мавриди нобудии 80 дарсади ҳашроти Аврупо тайи 30 соли оянда ҳушдор доданд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Франс-24”, пажуҳишгарон муҳимтарин иллати ин амрро дар афзоиши фаъолиятҳои кишоварзӣ ва дубора ба офаткушҳо рӯй овардан донистаанд. Ба гуфтаи пажуҳишгарон, ҳашрот гурӯҳи муҳиме ҳастанд, ки гардолудкуниро ба уҳда доранд ва манбаи ғизои паррандагону бисёре аз ҳайвоноти дигар ҳастанд. Бинобар ин нобудии онҳо муҳити зист ва занҷираи ғизоиро ба шиддат таҳдид мекунад.