Ҳамли аслиҳа дар Амрико тавассути миллионҳо амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24773
Натоиҷи як таҳқиқ нишон медиҳад, миллионҳо нафар дар Амрико рӯзона бо худ силоҳи гарм доранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 20, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамли аслиҳа дар Амрико тавассути миллионҳо амрикоӣ

Натоиҷи як таҳқиқ нишон медиҳад, миллионҳо нафар дар Амрико рӯзона бо худ силоҳи гарм доранд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, маҷаллаи амрикоии "Саломати умумӣ" барои нахустин бор дар 20 соли гузашта ба масъалаи ҳамли силоҳ дар Амрико пардохтааст. Бар асоси гузориши ин маҷалла, рӯзона се миллион амрикоӣ бо худ аслиҳа мегирад ва 9 миллион нафар низ дастикам як бор дар моҳ ҳамроҳ силоҳ дорад. Ҳамчунин солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, ҳудуди 270-300 миллион адад силоҳи гарм дар Амрико вуҷуд дорад. Яъне тақрибан ба ҳар нафар дар ин кишвар як адад силоҳ рост меоянд.  Бо вуҷуди дархости гурӯҳҳои ҳомӣ ва мудофеи ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Амрико ба иллати қудрати лобии аслиҳа то кунун ҳеҷ як аз ҳукуматҳои Амрико муваффақ ба вазъи қавонини маҳдудкунандаи фурӯши силоҳ дар ин кишвар нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико яке аз ҳомиёни аслии аслиҳадорони амрикоист.